Хатогиҳо дар ороиш

Идома


5. истифодаи консилери аз раги пуст равшантар

Дар ороиши замонави аз консилер барои пушонидани ноқисиҳои пуст, аз чумла гармичахо ва ҳалқаҳои зери чашм хеле васеъ истифода мешавад. Вақте, ки ранги консилер ба ранги пуст номувофиқ, яъне аз пуст равшантар ё ториктар интихоб мешавад, ороиш баръакс ноқисихои пустро маълум мекунад. Фаромуш набояд кард, ки дар бозор корректорхои ҳарранга низ мавчуданд. Масалан: корректорҳои сабз барои гармичаҳо, корректорҳои зард ва гулоби барои пушонидани ҳалқаҳои гирди чашм.


6. Аз ҳад зиёд сурх намудани рухсораҳо

Дар баъзе ҳолатҳо хонумон фикр мекунанд, ки ҳар қадаре рухсораҳояшон сурхтар бошад, хамон қадар руяшон тару тоза менамояд. Ва дар натича ороиши онҳо ба далғакхои сирк (клоун) шабоҳат дорад. Барои дуруст истифода бурдани сурхии рухсора бояд хандиду сурхиро дар рухсорахо молид.



7. Истифода бурдани упо дар тамоми руй

Занони точик аз қадим упоро истифода мебаранд ва ин суннатист, ки упо дар тамоми руй истифода бурда шавад. Ороиши муосир чунин тарзи истифодаи упоро хотоги мешуморад ва тавсия дода мешавад, ки упо танҳо дар сатзи зонаи “Т” истифода шавад. Яъне дар пешони, бинни ва манаҳ. Инчунин упоро бо муқалам бояд барандуд.

8. Қошҳои бо қалами сиёҳ кашидашуда

Муд барои қош руз то руз дигар мешавад. Имруз қошҳои уқоб муд аст, фардо метавонанд боз қошҳои борик ба муд дароянд. Аммо ҳеч гоҳ қошҳои ба калами сиёҳ кашидашуда зебо наменамуданд. Калам дар қошҳо умуман тавсия дода намешавад. Хубаш барои рангсозии кош аз тен ё тинтҳо истифода кунед. Агар ба шумо қалам писанд бошад, пас аз қалами як ранг аз қошатон равшантар истифода баред.

9. Истифодаи тени дар тамоми пилки чашм

Баъзе занҳо ҳануз муди солҳои 80ро истифода мебаранд. Ороиши муосир танҳо ранг намудани кисми ҳаракаткунандаи пилки чашмро мепазирад. Қисми болоии он бо хайлайтер ё тени рангаш равшан ранг карда мешавад.

10. Чилваи аз ҳад зиёд
Тен, упо ва бронзатори чилвадор дар ориш якчоя истифода намешаванд. Онҳоро метавон дар ороиши идона истифода бурд. Дар ороиш ҳарруза бояд рангҳои бе чилва истифода баред.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Ороиши чашму қош

Хатогиҳо дар ороиш

Гармичахо