Хатогиҳо дар ороиш


11. Чашмҳо дар ҳошияи сиёҳ
Подводкаи дуруст метавонад чашмҳои шуморо боз ҳам зеботар созад. Бисёр занон подводкаро дар ороиш нодуруст истифода мебаранд, дар натича чашмҳо дар руяшон чун дар дохили ҳошия метобанд. Чунин ороиш ба заноне, ки чашмонашон калон ҳаст, дар ҳолате созгор аст, ки қисми поёнии чашм бо қалам кашида шавад ва кучи берунии чашм каме по подводка ороиш шавад. Аммо агар чашмони шумо миёна ва ё хурдакакан, чунин тачриба ороишро хароб месозад.

12. Ранг нашудани решаҳои мижгонҳо
Хатогии майда ҳаст, вале метавонад ороишатонро хароб созад. Барои ин хатогиро такрор накардан дар охир решаҳои мижгонҳоро низ бо калам кашед.

13. Стрелкаҳои аз ҳад зафт
Стрелкаҳои зафт танҳо барои рафтан ба ягон маърака рост меоянд. Дар ҳолати ба кор, мактаб ё ин, ки донишгоҳ рафтан чунин стрелкаҳо номуносибанд.

14. Истифодаи аз ҳад зиёди туш
Занҳо орзуи доштани мижгонҳои дарозу бисёранд. Баъзеҳо барои ин орзуро амали сохтан ба мижгонҳояшон се ва чор маротиба туш мемоланд. Аммо ин он қадар хуб метобад. Туш барои нишон додани зебогии мижгонҳои шумо ихтироъ шудааст, вале дар холати нодуруст истифода бурдани он мижгонҳоятон садама мебинанд ва баъзеҳояшон мерезан. Аз назари зебои низ чунин тарзи истифодаи туш он қадар зебо наменамояд.

15. Истифодаи қалам ва лабсурхкунаки рангашон аз якдигар фарқунанда
Қалам барои лаб бояд контури лабҳои шуморо нишон дода, лабсурхкунакро боз ҳам муддати зиёд дар лабатон нигох дорад. Аммо дар ҳолати якранг набудани қалам ва лабсурхкунак ороиши шумо ба кампиракон монанд мешавад.

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Ороиши чашму қош

Гармичахо