Хатогиҳо дар ороиш
11. Чашмҳо дар ҳошияи сиёҳ Подводкаи дуруст метавонад чашмҳои шуморо боз ҳам зеботар созад. Бисёр занон подводкаро дар ороиш нодуруст истифода мебаранд, дар натича чашмҳо дар руяшон чун дар дохили ҳошия метобанд. Чунин ороиш ба заноне, ки чашмонашон калон ҳаст, дар ҳолате созгор аст, ки қисми поёнии чашм бо қалам кашида шавад ва кучи берунии чашм каме по подводка ороиш шавад. Аммо агар чашмони шумо миёна ва ё хурдакакан, чунин тачриба ороишро хароб месозад. 12. Ранг нашудани решаҳои мижгонҳо Хатогии майда ҳаст, вале метавонад ороишатонро хароб созад. Барои ин хатогиро такрор накардан дар охир решаҳои мижгонҳоро низ бо калам кашед. 13. Стрелкаҳои аз ҳад зафт Стрелкаҳои зафт танҳо барои рафтан ба ягон маърака рост меоянд. Дар ҳолати ба кор, мактаб ё ин, ки донишгоҳ рафтан чунин стрелкаҳо номуносибанд. 14. Истифодаи аз ҳад зиёди туш Занҳо орзуи доштани мижгонҳои дарозу бисёранд. Баъзеҳо барои ин орзуро амали сохтан ба мижгонҳояшон се ва чор маротиба туш мемоланд. Аммо ин он қадар хуб мето...