Хатогиҳо дар ороиш




1. Барандудани косметика ба пусти нотайёр.

Баъзе духтарон фикр мекунанд, ки истифодай базаҳо мутаррокунанда (увлажняюший) ё бар зидди равғаннокии пустбуда пеш аз барандудани косметика шарт нест. Вале онҳо хато мекунанд, чун ки базаҳо намегузоранд, то асоси тонали (тональный крем) дар пусти қоқ пустпартои ва дар пусти равғанин, равғани зиёдати пайдо шавад. Истифодаи база зери макияж ҳатмист.

2. Косметикаи аз ҳад зиёд

Занҳо ҳамавақт мехоҳанд, ки зебо бошанд, аммо на бояд аз ҳад гузаронд.
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накуст!

3. Истифодаи асоси тоналии (тоналкаи) номуносиб ба ранги пуст.

Ҳамаи мо духтаронеро, ки руй сап сафеду гардани офтобхурда доранд дидаем. Ҳатман ягон кас ҷои онҳо будан намехоҳад. Барои ҳамин асоси тонали ва упои ба пусти худ комилан ҳамранг истифода баред.

4. Сояандозии (растушевка) бад

Ҳатто агар шумо асоси тонали ва упои ба пустатон мувофиқ дошта бошед, бо сояандозии нокомил хавфи вайрон шудани макияж боз ҳам ҳаст. Бо даст молидани асоси тонали онро дуруст дар руи пуст карор намедиҳад. Барои ҳамин бояд аз муқалам (кисточка) ё спонжи барои асоси тонали буда истифода баред. Сурхии рухсори (румяна) нокомил сояандозишуда он қадар хуб намоён намешавад. Дар макияжатон қариб ҳама хатҳо бояд сояандози шаванд.

Давом дорад...

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Ороиши чашму қош

Хатогиҳо дар ороиш

Гармичахо